Кӯмак ба сармоягузорӣ
Slider
Баррасии муроҷиатҳои сармоягузорон оид ба масъалаҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд ва тавсияҳо оид ба ҳалли онҳо;
Ташкил ва гузаронидани "мизҳои мудаввар" ва вохӯриҳо бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкории хориҷӣ ва сармоягузорон бо мақсади муайян кардан ва баррасии масъалаҳои мушкилоти сармоягузорони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ташкил ва иштирок дар машваратҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо мақомоти давлатии сатҳҳои гуногун, ширкатҳои миллӣ, ки ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мушкилоти сармоягузорони хориҷӣ равона карда шудаанд; 
Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва машваратӣ ба сармоягузорони хориҷӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ;
Таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 

Back to Top