Гирифтани раводид
Slider
Тибқи қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ, намудҳои зерини раводид  дода мешаванд:

сармоягузорӣ (C) - ба роҳбарони ширкатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мебошанд ё дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амали намудани фаъолияти сармоягузорӣ қарор доранд, намояндагони сатҳи идоракунии ширкатҳои бузурги хориҷӣ, ки дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд ё барои таҳияи лоиҳаҳои соҳибкорӣ нақшаҳои воқеӣ доранд, инчунин аъзои оилаи шахсони номбаршуда;

минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) - барои шаҳрвандони хориҷӣ - сармоягузорон, ки дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкориро анҷом медиҳанд

Барои гирифтани раводид ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин дар шакли аслӣ ва нусхавӣ пешниҳод карда мешаванд:

шиносномаи хориҷӣ (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ, шаҳрвандӣ, Созмони Миллали Муттаҳид, шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд) ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо ҷойгоҳи махсус барои часпондани стикери раводидӣ.
шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шаҳрванди хориҷӣ пешниҳод кардааст, набояд дар ҳаққоният ва мансубият ба соҳиби он шубҳа эҷод кунад, дорои ёддоштҳо, қайду шартҳо, сабтҳо, тозакунӣ ва ислоҳҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатии дахлдори хориҷӣ тасдиқнашуда бошад, саҳифаҳои кандашуда ё гулдӯзишуда надошат бошад, дорои на камтар аз 2 саҳифаи холӣ бошад, ки барои раводид пешбинӣ шудаанд, инчунин ва амали он, одатан, набояд аз 6 моҳ аз санаи ба охир расидани раводид ба охир расад;
варақаи пуркардашудаи раводид, дар шакле, ки мувофиқи Замимаи №2 қоидаҳои мазкур бо акси часпонидашуда, ки ба талаботи дар Замимаи №3 қоидаҳои мазкур пешбинишуда ҷавобгӯ аст (ба истиснои сарони давлатҳои хориҷӣ ва сардорони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ).
варақаи дархости раводид ба таври қонунӣ дастӣ бо ҳарфҳои чопӣ ё истифодаи воситаҳои техникӣ тавассути компютер бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ё ба забони давлати иқомат дар муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пур карда мешавад ва шахсан довталаб имзо мегузорад. Агар  шакли дархости раводидро шахси дигар пур кунад, дар шакли ариза барои гирифтани раводид бо имзои шахсе, ки варақаро пур кардааст ва муносибати ӯ ба аризадиҳанда ворид карда мешавад. Дар сурати пур кардани варақаи раводид аз ҷониби як созмони байналмилалӣ ё ғайриҳукуматӣ, ки дар сутуни "сана ва имзо" (саволи 31) шакли дархости раводид мақоми дипломатӣ надорад, муҳр ва имзои роҳбари ташкилоти дархосткунанда гузошта мешавад;
расид барои пардохти боҷи давлатӣ ва боҷи консулӣ (ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо - барои баррасӣ ва пас аз қабули қарори дахлдор дар бораи додани раводид - барои бақайдгирӣ);
нусхаи раводиди аввалия (қабли) -и Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раводиди аввалия асос барои додани раводиди нав мебошад;
Дар баробари ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда, вобаста аз дараҷаи раводид, дархосткунанда бояд иловатан ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:
барои гирифтани раводиди сармоягузорӣ - зарур аст, ки ҳаҷми сармоягузорӣ на камтар аз 500 ҳазор доллари ИМА бошад, аризаи ширкатҳои бузурги хориҷӣ ё Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо тафтиши пешакӣ тибқи "Рӯйхат ...". Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди сармоягузоронро ба муҳлати то се сол медиҳад. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводидҳои сармоягузоронро ба муҳлати то ду сол медиҳанд ва бо ин ба шуъбаи консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ин дараҷаи раводид дар муддати 24 соат маълумот медиҳанд;

 

Back to Top