Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо вазъи кунунии иқтисодии ҷаҳон, бинобар пандемияи глобалии COVID-19, бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва содиркунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи онлайнии "Made in Tajikistan-2020" -ро ташкил менамояд, ки он аз 26 ноябр баргузор мешавад то 17 декабри соли 2020.

Ҳадафи ташкили ин намоишгоҳ дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, таблиғи ширкатҳо ва маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади дастгирии ҷомеаи соҳибкорони Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирок дар ин Намоишгоҳ ройгон аст, ки ба ширкати шумо имкон медиҳад, ки ҷуғрофияи содиротро васеъ ва шумораи истеъмолкунандагони маҳсулоти шуморо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш диҳад.

Ариза барои иштирок дар сайти ПСС ҶТ www.tpp.tj ҷойгир карда шудааст

Маълумоти иловагӣ дар бораи иштирокро гирифтан мумкин аст:

Мирсаидов Дилшод. Тел: (+992 900) 91 9999,

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Мирзошоева Адолат. Тел (+992 93) 587 7121,

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.