Саноати кишоварзӣ
Slider
Яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки имрӯз аз ҳисоби он тақрибан 23,3%-и ММД, беш аз 70%-и ҷойҳои корӣ, 25%-и содирот ва 35%-и воридоти андоз ба буҷети давлат таъмин мегардад.

Новобаста аз он ки шароити иқлими ҷумҳурӣ барои парвариши ҳама навъҳои зироатҳои ғалладона мувофиқ аст, релефи кӯҳӣ имкониятҳои аҳолиро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то андозае маҳдуд мекунад.

Масоҳати умумии заминҳое, ки барои корҳои кишоварзӣ мувофиқ мебошанд, 7,2 миллион гектарро ташкил медиҳад ва қисми зиёди он барои парвариши чорво ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад. Майдони кишти зироатҳо ҳамагӣ 675 ҳазор га-ро ташкил мекунад, ки аз он танҳо 470 ҳазор га обёрӣ карда мешавад. Ҳамчунин, 180 ҳазор гектари ин заминҳо ба сифати боғу токзор дар истифода аст.

Ҳамасола дар заминҳои обёришаванда ва лалмии Тоҷикистони офтобӣ беш аз 1,4 миллион тонна ғалла, 900 ҳазор тонна картошка, 1,6 миллион тонна сабзавот, 595 ҳазор тонна харбуза ва 300 ҳазор тонна мева истеҳсол карда мешавад. Бояд қайд кард, ки дар соли 2016 ҳаҷми содироти сабзавот ва меваҳои Тоҷикистон аз 200 ҳазор тонна гузашт.


ПАХТА

То ҳол қисмати асосии маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ташкил мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир, аз се як ҳиссаи тамоми заминҳои корами ҷумҳурӣ ин зироати кишоварзӣ мебошад. Бинобар шароити муносиби агро-экологӣ, аз ҷумла 10 моҳи рӯзҳои офтобӣ дар як сол ва захираҳои фаровони обӣ ҳамасола дар кишвар то 400 ҳазор тонна пахтаи босифатро истеҳсол кардан имконпазир аст.


КОРКАРДИ МЕВА

Меваҳои Тоҷикистон дар бисёр кишварҳои дунё, натанҳо аз ҳисоби аз ҷиҳати экологӣ тоза будан, балки бо тамъу маззаи нотакрори худ талабгори зиёд доранд.
Шароити нодири иқлими ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки дар ин ҷо зардолу, шафтолу, ангур, себ, нок, хурмо, анор ва меваҳои ситрусӣ парвариш карда шаванд. Сабзавоту меваҳо аз рӯи содирот дар ҷумҳурӣ баъд аз пахта дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои коркарди мева рӯз аз рӯз меафзояд. Яке аз омилҳои муҳим он аст, ки дар чунин ҳолат меваҳои хушк ба осонӣ интиқол, ҳифз ва бо нархи баланд фурӯхта мешаванд. Солҳои охир ин соҳаи саноат дар Тоҷикистон аз ҳисоби содироти маҳсулоти истеҳсолшаванда суръати рушди устуворро нишон медиҳад.
 

ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ

Дар Тоҷикистон занбӯриасалпарварӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, таърихи қадима дорад.
Олими машҳур Абӯ Алӣ ибни Сино (Авитсенна) дар асари худ «Қонуни тиб» манфиатҳои асал ва заҳри занбӯрро ба саломатии инсон қайд мекунад.
Теъдоди зиёди гиёҳҳои шаҳдбор дар ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки аз 500 то 600 ҳазор оилаи занбӯри асал, ки метавонанд дар як сол аз 10 то 12 ҳазор тонна асал ва ҳамчунин миқдори зиёди дигар маҳсулот, ба мисли мум, прополис, гарда ва заҳри занбӯрро ҳосил кунанд, парвариш намуд.
Дар Тоҷикистон барои рушди занбӯрпарварӣ пойгоҳи бузурги хӯрок мавҷуд аст. То имрӯз майдони замини асал тақрибан ба 5 миллион гектар баробар аст. Ин имкон медиҳад, ки истеҳсоли асал дар як сол то 30-40 ҳазор тонна афзоиш дода шавад.

 


МОҲИВАРПАРӢ

Бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии ҷумҳурӣ ва шумораи зиёди дарёҳо ва кӯлҳо моҳидорӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои манфиатбор ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ба моҳӣ 14 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Бо назардошти ҳаҷми мавҷудаи захираҳои обӣ, тибқи нақша истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ дар кишвар то 200 ҳазор тонна зиёд карда мешавад. Бояд гуфт, ки то 1 январи соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2023 тоннаро ташкил дода буд.

ЧОРВОДОРӢ

Чорводорӣ яке аз ҷузъҳои таркибии бахши аграрии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки он аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар пас аз истеҳсоли зироатҳо дар ҷои дуюм меистад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромади аҳолӣ мебошад. Шароити мусоиди иқлим, сифати хок ва фаровонии растаниҳои гуногуни ваҳшӣ дар ҷумҳурӣ барои парвариши зотҳои гуногуни ҳайвонот шароити мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, шумораи саршумори ҳайвоноти хонагӣ ва парранда дар Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 8-10% афзоиш меёбад. Солҳои охир ҳиссаи хоҷагиҳо миёни аҳолӣ дар истеҳсоли тамоми маҳсулоти чорводорӣ, ба ғайр аз тухм ва парранда, беш аз 85-90% афзоиш меёбад.
Back to Top