Сайёҳӣ
Slider
Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ мероси бузурги фарҳангию таърихӣ, мавқеи мувофиқи ҷуғрофӣ, манзараҳои гуногуни табиӣ ва ёдгориҳои беназири табиӣ дорад.

Дар қаламрави Тоҷикистон кӯҳҳои баланди Помир мавҷуданд, ки дар саросари ҷаҳон ҳамчун "Боми ҷаҳон" маъруфанд. Роҳҳои кӯҳнавардӣ ба қуллаҳои баландтарин - Исмоили Сомонӣ ва Евгения Корженевская, ки дар баландии зиёда аз 7000 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. манзури сайёҳон мегардад. Ёдгории нодири табиӣ дар Помир "Боғи ботаникии Помир" мебошад, ки дар баландии 2320 м аз сатҳи баҳр дар наздикии шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.

Дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 200 манбаи обҳои минералӣ ва шифоӣ мавҷуданд, ки дар асоси онҳо соҳаи сайёҳии санаторӣ ва курортӣ рушд мекунанд. 

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон бозори рақобати сайёҳӣ ташаккул ёфтааст ва зиёда аз 150 ширкатҳои  сайёҳӣ фаъолият доранд. Бо мақсади рушди сайёҳии байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ низоми электронии додани раводид ҷорӣ карда шудааст. (www.evisa.tj)  

Дар кишвар зиёда аз 65% иншооти сайёҳии санаторӣ ва курортӣ барқарор карда шуданд ва зиёда аз 300 минтақаи истироҳатӣ-саёҳатии хусусӣ сохта шудаанд, ки ин барои ташкили сайёҳии байналмилалӣ, шуғли аҳолӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити воқеиро фароҳам меоранд. 

Тоҷикистон сарзамини қуллаҳои баландтарин, пиряхҳои азим, дарёҳои пурталотум, кӯлҳои зебо, набототи беназир ва ҳайвоноти нодир мебошад. Маҳз манзараи кӯҳӣ аст, ки асолату беназири табиати Тоҷикистон ва боигарии онро, ки дар минтақаҳои гуногуни иқлимӣ ба вуҷуд омадаанд, муайян мекунанд. Дар ҷумҳурӣ дар зарфи якуним соати парвоз аз гармои шадиди водии Вахш метавон ба сардиҳои арктикии барфҳои абадии Помир ворид шуд.
Back to Top