Богатые природные ресурсы
Slider

Захираҳои табиии Тоҷикистон хеле гуногунанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон конҳои зиёди филизоти нимхимивӣ, нодир ва асил муҳайё гаштаанд, аз ҷумла: руҳ, сурб, молибден, волфрам, мис, тилло, нуқра, сурма, симоб, шпати гудохташаванда, қалъагӣ, уран, бисмут, оҳан, манган, намаки ош, магний ва дигар филизоте, ки содиршаванда ҳастанд. Ба конҳои маъруфи Тоҷикистон конҳои тиллои Панҷакент ва Шуғнон,кони нуқрагии Конимансури Калон, кони сурмаи Анзоб, конҳои санги мармар дар Ванҷ, Панҷакент, Дарвоз,Шаҳристон ва дигарҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, конҳои ангишт, газ, нафт, мармар ва масолеҳи сохтмонӣниз вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати захираҳои ангишт Тоҷикистон яке аз ҷойҳои болоиро дар минтақаи Осиёи Марказӣишғол менамояд. Захираҳои геологии умумии он 4,0 миллиард тоннаро ташкил медиҳад, ки аз он 80%-аш баангишти коксӣ тааллуқ дорад.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чашмаҳои беҳамтои шифобахш ва обҳои маъданӣ мебошад.

   Захираҳои обӣ: Дарёҳои асосӣ: Сирдарё, Амударё, Вахш, Панҷ, Зарафшон. Каналҳои обёрии бузург: Ҳисори, Далварзин, қисмати Тоҷикистонии каналҳои бузрги Фарғона ва Фарғонаи Шимолӣ. Аз ҳисоби кӯлҳо низТоҷикистон бой мебошад. Аз ҷумла, шумораи умумии онҳо тақрибан 1300 адад буда, масоҳати умумии онҳо 705 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Калонтарини онҳо – Қарокӯл, Сарез, Ёшилкӯл ба ҳисоб мераванд. Кулҳо асосан дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд.

   Бузургтарин обанборҳо:

Ҳаҷм

млн. м3

Қайроққум

4160

Норак

10500

   Бузургтарин пиряхҳо::

Ҳаҷми пиpяхҳо

м3

Федченко

93,6

Гармо

111,4

Витковский

6,882

АН СССР

5,242

Наливкин

8,588

Бивавчий

8,05

Грум-Гржимайло

10500

   Дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон захираҳои азими барфу ях ҷамъоварӣ шуда, сарҳади иқлими барфи доимӣ дарбаландии 3500-3600 метр дар ҷониби ғарбӣ оғоз мегардад ва дар тарафи шарқӣ бошад, то ба баландии 5800 метрболо мебарояд. Масоҳати прияхҳои Тоҷикистон зиёда аз 8476 метри мурабаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷойзиёда аз ҳазор пиряхҳо бо дарозии 1,5 километр ба қайд гирифта шудааст. Дарозии ҳар яке аз 16 адад пиряхҳо зиёда аз 16 километр, аз ҷумла пиряхҳои Федченко ва Грум-Гржимайло.

   Иқлим: Муътадил ва хушк.

   Дар моҳи январ ҳарорат дар водиҳо ноустувор ва аз 0 С то +2 С-ро ташкил дода, дар баландкӯҳҳо то ба 30 С мефарояд, дар моҳҳои июл ҳарорат дар водиҳо аз +23 С то +40 С ва дар кӯҳҳо аз +4 Сто +15 С мебошад.

 

КРУПНЕЙШИЕ ВОДОХРАНИЛИЩА
НАЗВАНИЕ ВОДОХРАНИЛИЩА
ОБMЪЁМ МЛН М3
Кайроккумское
0
Нурекское
0
КРУПНЕЙШИЕ ЛЕДНИКИ
НАИМЕНОВАНИЕ ЛЕДНИКА
ОБMЪЁМ В М3
Федченко
0
Гармо
0
Витковский
0
АН СССР
0
Наливкин
0
Бывачий
0
Грум-Гржимайло
0
Back to Top