Баргузории форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ дар вилояти Суғд таҳти унвони "Рушди соҳибкории инноватсионӣ"
- Hits: 6213
Cанаи 27 апрели соли 2021 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони “Рушди соҳибкории инноватсионӣ” аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур зиёда аз 150 нафар, аз ҷумла намояндагони ширкату корхонаҳои инноватсионии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии Форуми мазкур вусъат додани ҳамкориҳо байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти инноватсионӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муарифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ ба шумор меравад.
Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум кори минбаъдаи он дар 4 панелҳо дар мавзӯҳои «Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар шароити беҳтар шудани инфрасохтор: алоқа ва коммуникатсияи технологӣ», «Паркҳои технологӣ ҳамчун асоси рушди истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ», «Имкониятҳои васеи истифодаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ баҳри рушди инфрасохтори замонавӣ дар Тоҷикистон» ва «Старт-ап»-ҳо («Start-up») ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон» идома ёфт.
Баъдан, вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони минтақаҳои гуногуни кишвар дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуд.
Дар доираи форуми мазкур соҳибкорон ва меҳмонон ба корхонаҳои “ММК Агро”, “Крутони”, “Сайҳун”, “Ҳаловат”, “Субҳи зарин”, “Ариана азия металл”, “Арча” ва “Амид”-и вилояти Суғд ташриф оварда, ба раванди истеҳсолӣ шинос шуданд.
Иштирокчиёни Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ ба рушди муносибатҳои соҳибкорону сармоягузорони минтақаҳои кишвар, ки ба имзорасонии созишномаҳо ва шартномаҳои тиҷоратӣ равона гардида, фарогири яке аз соҳаҳои ояндадор мебошанд, ки баҳои баланд доданд.