1 июли соли 2022 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия вохӯрии Директори генералии КВД "Тоҷинвест"-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳирлар Музаффарӣ бо Президенти Идораи рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Туркия (KOSGEB) Ҳасан Басри Курт танзим карда шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба кишвар, аз ҷумла тавассути бунёди Фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Туркия, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки қаблан ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самти рушди соҳибкории хурду миёна байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KOSGEB Ёддошти тафоҳум ва Нақшаи амали он имзо шудааст.