Санаи 29 сентябри соли 2020 дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо мақсади таъсиси Ширкати муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон  Директори генералии КВД “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва Директори иҷроияи Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Вафоев Ш. А.  Протоколи ҷаласаи умуми саҳмдорони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба имзо расониданд.

Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ҳамчун резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар марҳилаи аввал бо  сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми 12 млн. доллари ИМА таъсис додашуда, минбаъ то 50 млн доллари ИМА расонида мешавад.

 Ба сифати муассисони ширкати сармоягузории мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ӯзбекистон Фонди таҷдид ва рушди Ӯзбекистон баромад намуда, минбаъд ҳамчун ташкилоти ғайри қарзӣ, танҳо барои дастгирии субъектҳои гуногуни соҳибкорӣ бо роҳи ворид шудан ба сармояи оинномавии онҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода мешавад.