Санаи 12 ноябри соли 2020 бо дастгирии Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (USAID) дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби ВМКБ маросими кушодашавии нерӯгоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 220 кв/с баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур нерӯгоҳи гибридии захиракунандаи барқро бо иқтидори 180 кв/с низ дар бар мегирад. 

Нерӯгоҳи барқии офтобии мазкур маҳсули ҳамкориҳои бобарори бевоситаи Ҳукумати ҶТ, USAID ва ширкати “Помир Энерҷӣ” мебошад. USAID бо дархости Вазорати энергетика ва захираҳои обии ҶТ лоиҳаи насби нерӯгоҳи барқии офтобиро дар ноҳияи Мурғоб дастгирӣ намуд, то ки ба ин васила ба нерӯгоҳи барқии “Тоҷикистон”-ро (қаблан Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт қувва зам намуда, қувваи тозаи барқароршавандаро ба шабакаҳои барқии маҳаллӣ илова намояд.

Ноҳияи Мурғоб дар Помир ҷойгир шудааст ва яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 6000 нафар сокинон аз манбаҳои барқтаъминкунии «Помир Энерҷӣ» ва шабакаҳои миллии барқӣ, бо сабаби дар баландии 3600 метр қарор доштанаш, дар бунбаст қарор доштанд. Нерӯгоҳи барқии офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерӯи барқро дар давоми рӯз то 50 фоиз зиёд мекунад. Ин натанҳо сатҳи зиндагии сокинонро баланд мебардорад, балки барои рушди умумии иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.

USAID ба Тоҷикистон ҷиҳати ноилшавӣ дар самти дастрасӣ ба қувваи барқи тоза мусоидат ва маҳаллаҳои дурдастро бо қувваи барқи муътадил таъмин  намуда, иқтидори ширкатҳои барқии ватаниро дар самти сохтмон ва идоракунии нерӯгоҳҳои барқии аз манбаҳои қувваи барқароршаванда фаъолияткунандаро афзоиш медиҳад.

Мақсади USAID ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи нерӯгоҳи барқии офтобии мазкур дар он аст, ки ҳукуматҳои давлатҳо, ташкилотҳои донории байналмилалӣ ва бахши хусусӣ дар якҷоягӣ ҳадафҳои рушдро ҳатто дар минтақаҳои дурдаст ва дастнораси сайёра ҳал намоянд.