Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои муҳайё намудани ҷойҳои кории нав мусоидат менамояд
- Просмотров: 6088
Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Барномаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва якчанд барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла рушди металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ, саноати сабук, соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилларо то давраи соли 2025 таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Ин барномаҳо барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва коҳиш додани шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт равона гардидаанд.
Ҳадафи пешниҳоди барномаҳои мазкур фароҳам овардани замина барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили кластерҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, ташкили сарчашмаҳои нави андозбандӣ, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ва зиёд намудани ҳаҷми содирот мебошад.
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мувофиқи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ташкили кластерҳои саноатӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, фармасевтика, химия, коркарди алюминийи аввалия ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои қиматбаҳо ва заргарӣ афзалият дода шудааст.
Бо мақсади иҷрои саривақтии муқаррароти ин Барнома ва Матритсаи амалиёти он гурӯҳи кории байниидоравӣ низ ташкил карда шудааст.