Санаи 23 феврали соли 2021 дар рафти сафари ҳайати намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон директори иҷроияи КВД “Тоҷинвест”- Ҷавоҳирлал Музаффарӣ бо директори генералии “UZINFOCOM” – Интегратори ягона оид ба ташкил ва мусоидат дар низоми технологияҳои иттилоотии давлатӣ - Эмил Гимранов мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва мубодилаи таҷриба иброз намуданд.
Дар рафти мулоқот зикр гардид, ки “UZINFOCOM” ширкати ягонаи давлатӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, дар амалӣ намудани лоиҳаҳои технологияҳои рақамӣ, аз қабили “Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ” (my.gov.uz), “Портали виртуалии қабули Президент” (pm.gov.uz), “Е-Парламент”, “Е-Тандурустӣ”, “Онлайн поликлиника” ва ғайраҳоро муваффақона ба роҳ мондааст.
Дар анҷоми мулоқот, директори иҷроияи КВД “Тоҷинвест”- Ҷавоҳирлал Музаффарӣ роҳбарияти “UZINFOCOM”-ро барои боздид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои минбаъда ба шаҳри Душанбе даъват намуд.