КВД «Тоҷинвест» Курсҳои Омузиширо барои мутахассисони соҳаи идоракунии тиҷорат роҳандозӣ намуд.
- Просмотров: 5863
Оид ба курси омӯзишии “Заминаҳои таъсис ва идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ”
Корхона ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ курси омӯзишии "Заминаҳои таъсис ва идоракунии фаъолияти соҳибкори"-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.
Ҳадафи ин курси омӯзишӣ баланд бардоштани савияи дониши намояндагони ҳам бахши хусусӣ ва ҳам кормандони мақомоти давлатӣ дар соҳаи ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Дар натиҷаи омӯзиши курси мазкур шахсони мансабдори давлатӣ метавонанд ғояҳо ва талаботҳои бахши хусусиро беҳтар дарк намуда, ба намояндагони соҳибкории хурду миёна хизматрасониҳои машваратиро ба роҳ монанд.
Курси омӯзиширо коршиносони мактаби тиҷоратии “Донишгоҳи байналмилалии менеҷмент (МИМ Украина) мегузаронанд. Омӯзиш аз санаи 29 март соли 2021 оғоз гардида, то моҳи июли соли 2021 ба роҳ монда мешавад. Ҳар як курси омӯзишӣ ба 6 модул тақсим шуда, дар як ҳафта 5 дарси лексионӣ гузаронида мешавад. Иштирокчиёне, ки тамоми марҳилаҳои омӯзишро бомуваффақият хатм мекунанд, дорои шаҳодатномаи байналмилалӣ мегарданд.
Модулҳои курсҳои омӯзишӣ натанҳо савияи дониши мутахассисонро баланд мебардорад, балки ба онҳо имконият медиҳад, ки дар оянда мутахассисони баландихтисос гардида, дар ширкатҳое ба фаъолияти ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд, кору фаъолият намоянд.
Ғояи курси омӯзишии "Заминаҳои таъсис ва идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ" оддӣ аст: “Мо омӯзгоронро барои курсҳои минбаъда омода намуда, онҳо дар навбати худ дониши бадастовардаро ба соҳибкорон ва ҳамкорони худ таълим медиҳанд. Айни замон дар курси мазкур 30 нафар иштирокчиён ба таълим фаро гирифта шудаанд.