Санаи 07 апрели соли 2021 дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Маҷористон баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Шараф ва Вазири робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон ҷаноби Сиииарто Петер сухангӯи намуда, форумро кушода эълон карданд.

Дар Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 30 ширкати Тоҷикистон ва Маҷористон дар соҳаҳои нақлиёт, ҳамлу нақл, озуқаворӣ, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ, сайёҳӣ ва телекоммуникатсия иштирок намуданд.
Дар доираи Форум ба иштирокчиён Портали интерактивии B2B (соҳибкор бо соҳибкор) ва рӯнамои имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби директори иҷроияи КВД “Тоҷинвест” Ҷавоҳирлал Музаффарӣ муаррифӣ гардида, маводҳои имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.
Дар хотимаи Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ гардиданд.
Аз натиҷаи вохӯриҳо баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст.
Форуми сармоягузории Тоҷикистону Маҷористон ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи соҳибкорон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.