Варақаи иттилоотӣ оид ба баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон
- Просмотров: 6975
6 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 14 Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон ташкил карда шуд.
Дар Форуми мазкур, ки ба сатҳи нав баровардани ҳамгироии кишварҳо мусоидат менамояд, беш аз 200 нафар аз Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон иштирок намуданд.
Дар ин раванд иштирокчиён вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо маълумот дарёфт намуда, ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеа коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Робитаҳои дӯстона ва ҳамшарикии Тоҷикистон, Беларуссия ва Афғонистон таърихи тӯлонӣ дошта, феълан дар аксар масъалаҳо шабеҳияти мавқеъ дида мешавад, ки ба густариш ва рушди ҳамкориҳои байни доираҳои тиҷоратии кишварҳо заминагузорӣ менамояд.
Дар рафти Форуми мазкур байни КВД “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Агентии миллӣ оид ба сармоягузорӣ ва хусусигардони»-и Ҷумҳурии Беларус ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони се давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, агросаноатӣ, фармасевтӣ ва ғайра ба имзо расонида шуд.
Мабалғи умумии санадҳои баимзорасонидашуда 11,3 млн. доллари амрикоиро ташкил намуда, аз рӯи тақсимот дар сохтори ин маблағҳо ба ҳиссаи содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 фоиз рост меояд.
Иштирокчиёни Форуми соҳибкории Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон ба рушди муносибатҳои тарафайн, ки бо баимзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ таҳким хоҳад ёфт баҳои баланд доданд.