Санаи 16 апрели соли 2021 Директори  генералии  КВД “Тоҷинвест” Хуршед Мирзо бо ҳайати намояндагони Коорпоратсияи давлатии “РОСКОСМОС”-и Федератсияи Руссия мулоқот намуд.

Бояд қайд намуд, ки моҳи марти соли 2021 байни КВД “Тоҷинвест”, КВД “Шаҳри Ҳушманд” ва Корхонаи фаръии “КосКом”-и  Коорпоратсияи давлатии “РОСКОСМОС” Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда буд.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ Директори генералии КВД “Тоҷинвест” Хуршед Мирзо вобаста ба фазо ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба иштирокчиён маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Ҳамчунин  ҷонибҳо асоснокунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд”-ро, ки аз ҷониби Корхонаи фаръии “КосКом” таҳия гардида буд мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар қисмати фарҷоми мулоқот бошад, ҷониби Коорпоратсияи давлатии “РОСКОСМОС”-и Федератсияи Руссия ҳавасмандии худро оид ба амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузории таъминоти инфрасохтори “Шаҳри ҳушманд”  ҳавасмандии худро изҳор намуд.

Дар анҷом иштирокчиёни мулоқот барои  фароҳам овардани имконияти, мусоид ҷиҳати гузаронидани чорабинии мазкур  баҳои баланд доданд.