1-уми июни соли 2021 дар меҳмонхонаи “Хаят Реҷенси”-и ш. Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар ҳамоиш аз кишвари Ӯзбекистон зиёда аз 100 намояндаи доираҳои тиҷоратӣ аз 13 вилоят, аз ҷумла Самарқанд, Сирдарё, Бухоро, Намангон, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Хоразм, Андиҷон, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Тошканд, шаҳри Тошканд, вилояти Фарғона ва ғайра ширкат намуданд.

Ба ҳайат дар қатори намояндагони соҳибкорони Ӯзбекистон, инчунин намояндагони ҳукуматҳои шаҳрҳо ва вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил буданд.

Ҷониби Тоҷикистонро дар чорабинӣ беш аз 100 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар намояндагӣ карданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъахонзода Ҷамшед бо сухани ифтитоҳӣ ҳайати Ӯзбекистонро самимона хайрамақдам намуда, барои таваҷҷӯҳи ҷониби ӯзбекистонӣ, ки ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид, изҳори сипос намуданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Ӯзбекистонро дар масъалаи ташкили корхонаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллии Тоҷикистон ва боназардошти бозорҳои ҳамсоякишвар даъват намуд. Ғайр аз ин қайд намуд, ки шиносоӣ бо фаъолияти Минтақаҳои Озоди Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳамкориҳои дуҷониба хело муфид мебошанд.

Ҷумъахонзода Ҷамшед аҳамияти тақвияти минбаъдаи робитаҳои тиҷоратии байни соҳибкоронро дар амиқтар намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои бародар, алалхусус дар давраи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, бинобар паҳн шудани пандемияи COVID-19 дар саросари ҷаҳон қайд намуда, таъкид намуд, ки аҳамияти баргузории мулоқоти корӣ дар формати B2B пеш аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, назаррас мебошад.

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаисматов Эргаш Раҳматуллаевич низ дар ҳамоиш суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи соҳибкорони Ӯзбекистонро ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо соҳибкорони Тоҷикистон бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудаи истифоданашудаи ҳарду кишвар дар афзоиши гардиши мутақобилан судманди байни ду кишвар қайд намуд.

Дар чорабинӣ имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Корхонаи Воҳиди Давлатии "Тоҷинвест", муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби Ӯзбекистон низ, муарифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ширкатҳои фаъолияткунандаи сурат гирифт.

Дар ҷараёни ҳамоиш, доираҳои тиҷоратии ду кишвар имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки сармояи хусусиро дар соҳаҳои ба монанди: хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, туризм ва ғайра баррасӣ намуданд.

Мулоқотҳои байни соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таваҷҷӯҳи соҳибкорони ду кишварро ба густариши тиҷорати мутақобилаи молҳо ва хизматрасониҳо, ба роҳ мондани робитаҳои тиҷорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки  гуногуни тиҷорат ва сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, истеҳсоли шароб, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғ., ҷалб намуд.

Оид ба натиҷаи вохӯриҳо дар формати В2В, намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон нияти ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкориро дар доираи сафари дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карданд.

 

 Маркази  матбуоти  ПСС ҶТ