Рӯзи 15 июни  соли 2021,  дар  толори  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби  Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" семинар дар мавзуъи " Фаъолияти роҳбарӣ ва ҳавасмандгардонӣ" баргузор гардид.

Дар доираи лоиҳаи озмоишии муштараки Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ   GIZ  ба ташкили як маркази омӯзиши соҳибкорон, ки  имрӯз бо даъвати Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва  Корхонаи воҳиди давлатии  "Тоҷинвест", ки  барои кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи "Фаъолияти роҳбарӣ ва ҳавасмандгардонӣ" ташкил намуданд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 30 нафар кормандони масъули Кумита, аз ҷумла; Муовини якуми раиси  Кумита Хуршед Мирзо, муовини раиси Кумита Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумита Зуҳурзода Саид ва Ҷавоҳирлал Музаффарӣ директори иҷроияи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" иштирок намуданд.

Семинари омӯзиширо коршиноси «Пажуҳишгоҳи байналмилалии менеҷмент» (МИМ Украина)  коршинос (лектор) Александр  Сударкин дар сатҳи баланд баргузор намуд.  Дар мавзӯи хусусиятҳои фаъолияти роҳбарӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон дар мақомоти давлатӣ, воситаҳо ва усулҳои баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва ҳавасмандии кормандон муҳокимаҳои дуҷониба сурат гирифт.

Дар рафти чорабинии мазкур иштирокчиён аз маълумотҳои зарурї оид ба хусусиятҳои фаъолияти роҳбарӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон дар мақомоти давлатӣ  бархурдор гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ   Муовини якуми раиси Кумита   Хуршед Мирзо ба коршинос Александр  Сударкин барои баромадҳои хеле пурмазмун изҳори миннатдорӣ намуданд.

Маркази омӯзиши соҳибкорон дар  назди Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" минбаъд низ чорабиниҳоро барои кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ оид ба баланд бардоштани савияи  дониши тахассусии онњо идома хоҳад дод.

Ҳадафи асосии чунин семинарњо баланд бардоштани малакаи корї ва дониши тахассусии бахши хусусӣ ва хизматчиёни давлатӣ  мебошад.