Санаи 6 ноябри соли 2021 дар меҳмонхонаи Хаят Реҷенсӣ шаҳри Душанбе  вохӯрии намояндагони ҳайатҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур  Муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ба зарурати таҳкими минбаъдаи робитаҳои созандаи бахши хусусии ду кишвар дар бахшҳои энергияи таҷдидшаванда, иқтисоди сабз, саноат, рақамисозӣ, технологияҳои муосир, дорусозӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои шарики мавриди таваҷҷӯҳи зоҳир намуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ин барои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз қабили форумҳои сармоягузорон, анҷуманҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои муштараки саноатӣ истифода бурдани воситаҳои нави муосирро тақозо мекунад.

Дар вохӯрӣ  Муовини якуми Раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Хуршед Мирзо, намояндагони  палатаҳои савдо ва саноати  ҳар ду кишвар,  имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ намуда, оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мустақим бо истифода аз имконоти истифоданашуда табодули афкор намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар ин чорабинӣ намояндагони беш аз 60 ширкати мухталифи ду кишвар иштирок намуданд.

Дар доираи вохӯрӣ бошад  ба иштирокчиён Портали интерактивии B2B (соҳибкор бо соҳибкор) ва рӯнамои имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби директори генералии  КВД “Тоҷинвест” Ҷавоҳирлал Музаффарӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар хотимаи ҳамоиш вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ гардиданд.