Дар пешорӯи сафараи давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон санаи 4 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳо оид ба истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот буда, заминаи мусоиди тақвияти равобитро эҷод менамояд.

Форуми сармоягузоронро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қодирзода Саъдӣ ва муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Сахиб Мамедов оғоз намуданд.

Зимни суханронӣ қайд гардид, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Дар Форум беш аз 200 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон иштирок намуданд

Дар доираи Форум ба иштирокчиён  фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо мавриди таваҷҷӯҳи байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо муҳокима карда шуданд. https://t.me/tajinvest2022