Аз санаи 21-ум то 28-уми апрели соли ҷорӣ ҳайати корӣ таҳти роҳбарии Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳирлал Музаффарӣ бо намояндагони Ассотсиатсияи дилерҳои расмии истеҳсолкунандагони мошинҳо дар Тоҷикистон “ADRIA” барои ҷалби технологияҳои муосир ва сармоягузории мустақим ба соҳаи мошинсозӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доранд.

Дар чаҳорчӯбаи ин сафар санаи 24 апрел ҳайати Тоҷикистон бо ширкати чинии “Zhongtong Bus Holding Co., Ltd.” мулоқотҳои судманд анҷом дода шуд, ки дар ҷараёни он бо ширкати ватании “Akia Avesto Automotive Industry” оид ба таъсиси корхонаи муштарак Ёддошти тафоҳум оид ба истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии дар асоси технологияи гидрогенӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Инчунин, мулоқотҳо бо ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандагони мошинҳои барқӣ ба монанди “BYD Co. Ltd.”, “Great Wall Motors Co. Ltd.” ва “Cherry Group Co. Ltd.” барои ҷалби технологияҳои навин ва сармоягузории мустақим барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд.

Сухан на танҳо дар бораи нақлиёти электрикӣ меравад, шумораи муайяни  нақлиёт бо гидроген, аниқтараш, бо қисмҳои иловагии он бо сузишвории гидрогенӣ амалкунанда, ки дар онҳо қувваи электрикӣ пайдо мегардад, ки муҳаррикро ба ҳаракат медарорад, кор хоханд кард.

Бояд қайд намуд, ки дар 10 соли оянда дар Аврупо бояд на камтар аз 30 миллион мошини сабукрав, аз ҷумла то соли 2050, мошинҳои боркаш ва автобусҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда шаванд.

Аксарияти ширкатҳои мошинсозӣ моделҳои гидрогениро таҳия мекунанд ва ҳатто аллакай ба истеҳсол шуруъ намудаанд: Toyota (Mirai), Honda (Clarity), Hyundai (Nexo), Mercedes-Benz (GLC F-Cell, ҳангоми зарурат аз васлаки барқӣ ​​​​қувват мегиранд), BMW (X5 i Hydrogen Next).