Санаи 23 феврали соли 2022  дар толори «Маркази омӯзиши соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» назди Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» мастер-класс бо номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Александр Сударкин дар мавзӯи «Идоракунии самараноки кормандон» гузаронида шуд.

Мастер-класс-и мазкур санаҳои 23 ва 24 феврали соли 2022 дар Маркази  назди Корхона баргузор гардид.

Ҳадафи ин мастер-класс барои  баланд бардоштани малакаи бахши хусусӣ дар соҳаи идоракунии кормандон мебошад.

Модулҳои курсҳои омӯзишӣ натанҳо савияи дониши мутахассисонро баланд мебардорад, балки ба онҳо имконият медиҳад, ки дар оянда мутахассисони баландихтисос гардида, дар идоракунии самараноки кормандон ва ҷо ба ҷо гузории кормандон кору фаъолият намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар Мастер-класси мазкур зиёда аз 30 нафар намояндагони бахши хусусӣ фаъолона  иштирок намудаанд.