Санаи 02 марти соли 2022  дар толори «Маркази омӯзиши соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» назди Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» оғози қисмати аввали  мастер-класс бо роҳбари департаменти андоз ва аудиттори ширкати “Tax & Legal Advisers”  дар мавзӯи «Муқаддимаи Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон » гузаронида шуд.

Мастер-класс-и мазкур санаҳои 02 ва 03 марти соли 2022 дар Маркази  назди Корхона баргузор мегардад.

Ҳадафи баргузории мастер-класс баланд бардоштани малакаи кормандони бахши хусусӣ дар соҳаи андозбандӣ ва баҳисобгирии андоз дар Кодекси нави андоз мебошад.

Модулҳои курсҳои омӯзишӣ натанҳо савияи дониши мутахассисонро баланд мебардорад, балки ба онҳо имконият медиҳад, ки дар оянда мутахассисони баландихтисос гардида, дар соҳаи молия ва андоз кору фаъолият намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар Мастер-класси мазкур зиёда аз 20 нафар намояндагони бахши хусусӣ фаъолона  иштирок намудаанд.