Дар асоси дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 17 августи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории   “Помиринвест – 2022” баргузор карда шуд.

Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуданд.

Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.

Маросими расмии Форум бо сухани ифтитоҳии Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва роҳбари ширкати “Помирэнерҷӣ” оғоз гардид. 

Зимни баромади худ Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон диққати ҳозиринро ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва дарёфти механизми пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят ибрози ақида намуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ навори видеоии имкониятҳои сармоягузории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба намоиш гузошта шуд.

Сипас чорабинӣ дар се панели алоҳида дар мавзӯҳои “Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ”, “Рушди соҳаҳои саноат ва энергетика дар ВМКБ бо таваҷҷӯҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”” ва “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа” идома намуд.

Дар рафти форуми мазкур ва доираи мулоқоти В2В (соҳибкорон бо соҳибкорон) имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт. Аз натиҷаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон 30 санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои сохтмон, истихроҷ, кишоварзӣ, саноати коркард, ташкили IT-паркҳо ва дигар санадҳои ояндадор ба маблағи беш аз 950 млн. сомонӣ ба имзо расонида шуд.

 

источник: investcom.tj