гидроэнергетика
Slider
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, ҷои аввалро захираҳои гидроэнергетикӣ бо иқтидори 527млрд.кВт соат/сол ишғол менамоянд. Мувофиқи ин нишондиҳанда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи иқтидори гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои 8-умро нисбат ба ҳудуди худ ишғол менамояд. Бо дарназардошти мавҷуд будани 200 рўзи офтобӣ дар як сол ва дарёҳои хурду бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, азхудкунии захираҳои обиву офтобӣ тавассути неругоҳҳои хурду миёна амалӣ мешаванд. Ҳамзамон, масъалаи азхудкунии намудҳои дигари манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи шамол, биомасса ва энергияи геотермалӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Захираи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
млн. тонна сӯзишвории шартӣ

ЗАХИРАҲО

ИҚТИДОРИ УМУМӢ

ИҚТИДОРИ ТЕХНИКӢ

ИҚТИДОРИ ИКТИСОДӢ

Гидроэнергетика, умумӣ

179,2

107,4

107,4

Аз ҷумла, НБО-и хурд

62,7

20,3

20,3

Энергияи офтобӣ

4790,6

3,92

1,49

Энергияи биомасса

4,25

4,25

1,12

Энергияи шамол

16,3

10,12

5,06

Энергияи геотермалӣ

0,04

0,04

0,04

Ҳамагӣ (бидуни НБО-ҳои бузург

5020,595

38,63

27,95

Манбаъ: сомонаи www.mewr.tj 

Back to Top