telegram_app_240px

Саноати кимиё
Slider
Саноати кимиёи Тоҷикистон нисбатан ҷавон аст, аммо дорои иқтидори намоёни рушд мебошад. Дар кишвар барои рушди саноати кимиё захираҳои васеи маъданҳои фоиданок, нерӯи барқ ​​ва об мавҷуданд.
Ҳамчунин, дар кишвар аллакай истеҳсоли васеи маҳсулоти дорои хлор ва нуриҳои азотӣ ба роҳ монда шудааст.

Ширкатҳои ватанӣ маҳсулотҳои зеринро истеҳсол мекунанд:
  • Маҳсулоти резинӣ
  • Респираторҳо ва линолеумҳо
  • Қубурҳо ва контейнерҳои пластикӣ
  • Маҳсулотҳои доруворӣ
  • Рангҳо ва лакҳо
  • Рангҳои силикатӣ
  • Шишаи моеъ
  • Маҳсулотҳои кимиёвии хонагӣ
  • Содаи каустикӣ
  • Намаки стронсии техникӣ
  • Намакҳои стронсии реактивӣ (зиёда аз 10 намуд)
  • Намакҳои реактивии висмут, барий ва стронсий
  • Моддаҳои таркандаи саноатӣ
Маҳсулоти кимиёвӣ асосан дар соҳаҳои металлургия, сохтмон ва саноати сабук истифода мешавад. Айни ҳол, дар шаҳри Ёвон як корхонаи криолитӣ бо иқтидори солонаи лоиҳавиаш 30 000 тонна сохта шудааст, ки фаъолияти он дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Корхонаи мазкур дар оянда талаботи солонаи корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"-ро бо фториди алюминий ва криолит пурра таъмин хоҳад кард.
Дар оянда сохтмони корхонаҳои истеҳсоли кислотаи сулфат бо иқтидори истеҳсолии 100 000 тонна ва суперфосфат 150 000 тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли сианиди натрий, сода, содаи хушки каустикӣ, хлорометан ва маҳсулот аз он, маҳсулотҳои шустушӯй, кимиёвӣ, коркарди ангишт ва нафт, кислотаи азот, нитрат, хлориди калий, аммофос, коркарди консентратҳои металлӣ, металлҳои ранга ва қиматбаҳо муфид ҳисобида мешаванд. 
Back to Top