Саноати сабук
Slider

Раёсати саноати сабук ва пилла як сохтори дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раёсат фаъолияти худро ба таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва соддагардонии санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаҳои саноти сабук ва пилла равона менамояд.

Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фармонҳои Вазири саноат ва технологияҳои навро ба роҳбарӣ мегирад.

Раёсат мувофиқи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар шуъбаҳо амалӣ менамояд.


ВАЗИФАҲОИ РАЁСАТ:

  • таҳияи барномаҳо ва тадбирҳо оид ба таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ, такмил додани механизмҳои рушд ва фаъолияти корхонаҳои саноати сабук ва пилла;
  • иштирок дар таҳия ва татбиқи тадбирҳои ташаккул ва татбиқи дастгирии давлатӣ, ҳифз, рушди нерӯи истеҳсолӣ, илмиву техникӣ ва мусоидат ба корхонаҳои саноатӣ дар татбиқи технологияҳои навтарин ва таҷрибаи пешқадам, истифодаи оқилона ва мутобиқгардонии онҳо ба шароити иқтисоди бозорӣ;
  • иштирок дар таҳлил, таҳияи пешниҳодҳо ва тасдиқи маводҳо барои аниқ кардани нақшаи идоракунӣ, таҳияи самтҳои афзалиятноки фаъолият, имконпазирии сохтан, ҷойгир кардани ашёи хоми нав ва истифодаи маҳаллӣ, инчунин таҳия ва тасдиқи талаботҳои техникӣ, технологӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ барои корхонаҳои саноат;
  • мусоидат ба корхонаҳои соҳа дар фароҳам овардани шароит барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, маҳсулоти саноатӣ ва техникӣ ва хизматрасонии маишӣ, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии онҳо барои қонеъ кардани талаботи бозори дохилӣ мутобиқи ҳамбастагии пайдошудаи талабот ва содирот тавассути татбиқи технологияҳои ҷойивазкунии воридот;

 

РАЁСАТ МУВОФИҚИ ВАЗИФАҲОИ ТАЪИНШУДА АМАЛИЁТҲОИ ЗЕРИНРО ИҶРО МЕНАМОЯД:

  • дар асоси стратегияи рушди саноат, барномаҳои тасдиқшудаи соҳавиро амалӣ менамояд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи онҳо ва мушкилотҳои мавҷуда маълумот пешниҳод менамояд;
  • тадбирҳоро таҳия намуда, оид ба таҷдиди сохтор ва ташкили корхонаҳои нав ба роҳбарияти вазорат пешниҳодҳо мекунад;
  • дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби фаъолият ва рушди соҳаро муайян мекунанд, иштирок намуда, ба роҳбарияти Вазорат оид ба татбиқи онҳо дар корхонаҳои соҳа хулосаҳои дахлдорро пешниҳод менамояд;
  • дар татбиқи сиёсати мақсадноки илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ мутобиқи ҳадафҳои рушди соҳа, таъмини истифодаи самараноки технологияҳои нав, намудҳои нави маҳсулот ва хидматҳо мутобиқи талаботи бозор дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ саҳм мегузорад;
  • бо назардошти таъминоти истеҳсолкунандагони ватанӣ бо ашёи хом дар ҳаҷми зарурӣ мувофиқи талабот дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба содда кардани содироти баъзе намудҳои ашёи хом берун аз қаламрави ҷумҳурӣ иштирок мекунад;
  • дар якҷоягӣ бо ҷонибҳои манфиатдор дар ташкил ва гузаронидани корҳои иттилоотӣ ва намоишии соҳа иштирок мекунад.

 

Back to Top