telegram_app_240px

Оинномаи
Slider

                   «Тасдиқ  карда   шуд»

                  бо Фармоиши Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ

                   ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                    № 37 аз «11» июни 2010 с.

 

 

 

Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»
дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи
амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

         

     1. Муқарароти умумӣ 
     1.1. Оинномаи мазкур таъсис ва тартиби фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд ҳамчун «Корхона» номбурда мешавад муайян менамояд.
    1.2. Муассиси Корхона Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд ҳамчун «муассис» номбурда мешавад.
    1.3. Номи пурраи расмии Корхона бо забони тоҷикӣ: 
        - Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; шакли кӯтоҳкардашуда: 
        - КВД «Тоҷинвест» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
     Номи пурраи расмии Корхона бо забони русӣ:
        - Государственное унитарное предприятие «Таджинвест» при Государственном комитете по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан; шакли кӯтоҳкардашуда:
        - ГУП «Таджинвест» при Государственном комитете по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан.
     Номи пурраи расмии Корхона бо забони англисӣ:
       - “Tajinvest” State Unitary Enterprise under State Committee on Investment and State Property Management of the Republic of Tajikistan; шакли кӯтоҳкардашуда:
          “Tajinvest” SUE under State Committee on Investment and State Property Management of the Republic of Tajikistan.
1.4. Суроғаи Корхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур 27.
 2.1. Мақоми ҳуқуқии Корхона
    2.1. Корхона мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва Оинномаи мазкур фаъолият менамояд.
    2.2. Корхона шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти хоҷагидориро амалӣ менамояд. Тавозун ва суратҳисоби худро дар бонк ва дигар муассисаҳои қарзӣ дорад. Инчунин, дорои муҳри расмӣ бо рамзи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ, бланк ва нишони молӣ мебошад.
2.3. Корхона аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш дар мувофиқа бо оинномаи тартибдодашуда, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
2.4. Корхона аз номи худ метавонад ҳуқуқи молумулкӣ ва ғайри молумулкиро ба даст орад, уҳдадориҳоро иҷро кунад ва дар суд ба ҳайси даъвогар ё ҷавобгар баромад намояд.
2.5. Корхона барои молумулки доштааш ҷавобгӯ мебошад. Корхона барои уҳдадориҳои муассис ҷавобгӯ нест ва баръакс муассис барои уҳдадориҳои Корхона ҷавобгӯ намебошад. Агар сабаби муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ муассисон (иштирокчиён), молики молу мулки  шахси ҳуқуқӣ ё шахси дигаре бошанд, ки ҳуқуқи додани дастурҳои ҳатмиро ба шахси ҳуқуқӣ ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани амалҳои онро доранд, ба зиммаи чунин ашхос дар сурати нарасидани молу мулки шахси ҳуқуқӣ мумкин аст аз рӯи уҳдадориҳои он масъулияти иловагӣ гузошта шавад.
2.6. Корхона метавонад ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, бо розигии муассис мувофиқи тартиботи муқарраргардида, бо тариқи интиқоли як қисми сармояи худ барои пешбурдани фаъолияти хоҷагидорӣ, корхонаи дигареро таъсис диҳад (корхонаи фаръӣ). Дар ин маврид корхона ҳамчун муассиси корхонаи фаръӣ, оинномаи онро тасдиқ менамояд.
2.7. Корхона метавонад бо розигии муассис филиал ва намояндагиҳои худро ташкил намояд. 
 Мақсад ва мароми фаъолияти Корхона
3.1. Корхона бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояҳо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи пешниҳод намудани хизматрасониҳо ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ таъсис дода шудааст.
3.2. Корхона ташкилоти тиҷоратӣ буда, дорои ҳуқуқу уҳдадориҳое мебошад, ки баҳри амалӣ намудани фаъолияти баёнгардида аз он истифода мекунад. 
Самти асосии фаъолияти Корхона иҷро намудани хизматрасониҳои зерин мебошад: 
ҷалб намудани сармоягузориҳои мустақими дохилию хориҷӣ; 
мусоидат дар рушди фаъолияти сармоягузории субъектҳои дохилию хориҷӣ; 
таъсис додани намояндагиҳо дар дохил ва хориҷи кишвар оид ба ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷию дохилӣ; 
таъсис додани ширкатҳои молиявию лизингӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
мусоидат намудан дар таҳия, омодасозӣ ва баимзорасонии шартномаҳои байналмиллалӣ оид ба фаъолияти сармоягузории хориҷию ватанӣ; 
омӯзиш, таҳлил ва ташхиси лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ;
мусоидат дар банақшагирии тиҷоратӣ, коркарди асоснокии техникӣ-иқтисодӣ ва омода намудани дастаи ҳуҷҷатҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ; 
иштирок дар хазинаҳои муассисии корхонаҳои муштарак аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи сармоягузории мустақими хориҷию дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
татбиқи фаъолияти лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз номи мизоҷони Корхона дар асоси шартномаву ваколатнома;
омода намудани пешниҳодҳо оид ба беҳтаргардонии тадбирҳо, беҳбудии фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин оиди такмили қонунгузорӣ ва рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ; 
хулоса, таҳлил ва таъмини пешравиҳои минбаъдаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти намояндагиҳои Корхона; 
мусоидат дар фаъолияти мақомотҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон; 
тартибдиҳӣ ва омӯзиши шартномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ тааллуқ доранд;
мусоидат дар гирифтани ҳама гуна ризоиятҳо ва иҷозатномаҳо барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
гузаронидани таҳлил ва тартиби иҷроиши истеҳсолию-техникӣ, иқтисодӣ, экологӣ, молиявӣ, андоз ва дигар шароитҳои бастани шартномаҳо; 
дар мувофиқа бо муассис ташкил ва гузаронидани саммитҳо, форумҳо, семинарҳо, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналмиллалӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бо мақсади самаранокии баргузории чорабиниҳо, муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузориҳо;
ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯроҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи тиҷоратӣ;
омодасозӣ ва иштирок дар ҷаласаҳои шӯроҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи тиҷоратӣ;
мулоқотҳои мунтазам бо аъзоёни шӯроҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи тиҷоратӣ бо мақсади самаранокии фаъолият дар масъалаи ҷалби сармояҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
таҳия, омодасозӣ ва нашри маводҳои маълумотӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузориҳо;
машваратҳо оиди масъалаҳои ҳуқуқӣ, қонунгузории андоз, фаъолияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиётҳои ҳуқуқии минбаъда;
хизматрасониҳои машваратӣ оиди масъалаҳои маъмурӣ, амалиётӣ ва хоҷагидории субъектҳои шахси воқеӣ ва намояндагиҳои хориҷӣ;
хизматрасониҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои иқтисодиёти беруна ва  фаъолияти сармоягузорӣ;
мусоидат дар ҳалли масъалаҳо оид ба андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мусоидат дар ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва гузаронидани назорати аудиторӣ;
бастани шартнома бо субъектҳои дохилию хориҷии хоҷагидорӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳо;
мусоидат дар гирифтани иҷозатномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозии штамп ва муҳр;
хизматрасонӣ ба намояндагиҳои хориҷӣ дар гирифтани гувоҳномаи махсуси андозсупорандагон (РМА);
хизматрасонӣ ба намояндагиҳои хориҷӣ дар кушодани суратҳисобҳои бонкӣ;
пешниҳоди хизматрасониҳо дар бақайдгирии давлатии намояндагиҳои дохилию хориҷӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон;
дарёфт ва омода намудани мутахассисони ботаҷриба;
бо кор таъмин кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои хизматӣ дар намояндагиҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мусоидат дар таъминоти маълумотдиҳӣ, компютеркунонӣ ва телефония;
мусоидат дар гирифтани таҷҳизоти ҳисоббарорию ташкилотӣ ва хизматрасонии техникии онҳо;
мусоидат дар ҷустуҷӯи лоиҳаҳои афзалиятнок, ташкили фаъолияти сармоягузорӣ ва инкишофи тафаккур;
ташкили бонки маълумотии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва феҳристи корхонаҳои тиҷоратӣ;
хизматрасонии машваратӣ оид ба додугирифти маълумот вобаста ба қонунгузорӣ ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
гузаронидани машварат ва хотиррасон намудани ҷамъиятҳои тиҷоратӣ аз муштариёни сармоягузории мамлакат;
омӯзиш ва таҳлили бозори дохилию хориҷӣ. 
3.3. Навъҳои фаъолияте, ки бо доштани иҷозатнома амалӣ карда мешаванд, пас аз гирифтани иҷозатнома иҷро карда мешаванд.
3.4. Мувофиқи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур Корхона метавонад, дигар амалиётҳои тиҷоратие, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, иҷро намояд.
3.5. Корхона ҳуқуқ дорад, ки бо риояи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи мақсаду вазифаҳои худ, муносибатҳои иқтисодии хориҷиро низ иҷро намояд. Бо ин мақсад Корхона имкон дорад: 
- амалиётҳои воридотию содиротиро иҷро намояд; 
- корхонаҳои муштарак ва дигар навъи корхонаҳоро бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ таъсис диҳад; 
- ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ва истехсолиро бо ташкилотҳои мамлакатҳои хориҷӣ амалӣ намояд; 
- дар намоишгоҳҳои байналмиллалӣ, ярмаркаҳо ва биржаҳои дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он иштирок намояд; 
3.6. Даромаде, ки дар натиҷаи фаъолияти иқтисодии берунаи Корхона бо асъори хориҷӣ ба даст оварда мешавад, пас аз пардохт намудани андоз ба буҷаи давлат, ба суратҳисоби асъории Корхона равона карда мешавад.
 Сармояи оинномавии Корхона.
4.1. Сармояи оинномавии Корхона 10000 сомониро ташкил медиҳад. 
4.2. Маблағи сармояи оинномавии Корхона бояд то замони ба қайди давлатӣ гирифта шудани он аз ҷониби муассис пурра пардохт карда шавад.
4.3. Агар дар охири сол арзиши активҳо аз маблағи сармояи оинномавӣ камтар бошад, пас мувофиқи муқаррароти Оиннома сармояи оинномавӣ низ бояд кам карда шавад. Дар мавриди кам будани арзиши активҳои Корхона аз андозаи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, Корхона барҳам дода мешавад. 
4.4. Кам кардани сармояи оинномавии Корхона танҳо пас аз бо тариқи хаттӣ огоҳ намудани ҳамаи кредиторони он, ки ҳуқук доранд қатъгардонӣ ё пеш аз мухлат иҷро намудани уҳдадориҳои муайянро талаб намоянд, ба амал бароварда мешавад. 
4.5. Зиёдгардонии сармояи оинномавии Корхона бо тартиби муқарарнамудаи қонун амалӣ карда мешавад.
 Ҳуқуқу уҳдадориҳои муассис ва идора намудани Корхона.
5.1. Муассис ҳуқукҳои зеринро дорад: 
- дар идора кардани Корхона иштирок намояд; 
- оид ба фаъолияти Корхона, аз ҷумла бо ҳисоботҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатгузориҳо маълумот гирад; 
- самтҳои асосии фаъолияти Корхонаро муайян намояд;
- ба оиннома тағийроту иловаҳо ворид намояд ва ҳаҷми сармояи оинномавиро тағийр диҳад;
- тасдиқ намудани ҷадвали воҳидҳои кории Корхона;
- роҳбари Корхона, муовини роҳбари Корхона ва сармуҳосиби Корхонаро таъин ва озод намояд.
- ҳисоботҳои солонаи молиявӣ ва тавозуни муҳосибии Корхонаро тасдиқ намояд;
- тартиби тақсимоти даромад ва анҷом додани хароҷотҳоро муайян намояд ва хулосаи комиссияи тафтишотиро тасдиқ намояд;
- бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Корхона қарор қабул намояд;
- дар бораи таъсис додани корхонаи фаръӣ қарор қабул кунад.   
 
Back to Top