Баррасии таъсиси Ширкати муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон
- Просмотров: 7054
Санаи 20 феврали соли 2021, Директори иҷроияи КВД “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳирлал Музаффарӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар бинои Бонки миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо муовини Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ – Директори иҷроияи Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вафоев Шуҳрат мулоқот намуд.
Зимни мулоқоти мазкур ҷонибҳои масъалаҳои вобаста ба таъсиси Ширкати муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор доштанд, ки ҷараёни таъсисёбии Ширкат, ки бо ташаббуси роҳбарияти Олии кишварҳоямон роҳандозӣ гардидааст тезонида шавад.
Қобили зикр аст, ки Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ҳамчун резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал бо сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми 12 млн. доллари ИМА таъсис додашуда, минбаъ то 50 млн доллари ИМА расонида мешавад.
Фаъолияти ширкати мазкур барои дастгирӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои субъектони бахши хусусии ватанӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар равона мегардад.
Ширкати таъсисшаванда ҳамчун ташкилоти қарздиҳанда баромад накарда, танҳо барои дастгирии субъектҳои гуногуни хоҷагидорӣ бо ворид шудан ба сармояи оиномавии онҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо ва ба даст овардани фоидаи муайян бо ҳадафи ниҳоӣ баромадан аз сармояи оинномавии ширкат ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти ширкати мазкур вобаста ба минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд нагардида тамоми ҷумҳуриро фаро мегирад. Интихоби лоиҳаҳо ва критерияҳои онҳо аз ҳарду ҷониб муайян карда мешаванд.
Бо мақсади паст кардани хавфҳои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти ташаббускорони лоиҳа яке аз талаботи ширкати муштарак барои иштирок дар амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ин муайян гардидани ҳади ақали саҳми ташаббускори лоиҳа дар сатҳи 30 фоиз аз арзиши лоиҳа мебошад.