Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон
- Просмотров: 6423
Санаи 16 марти соли 2021 дар доираи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 60 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла, нақлиёт, логистика, истеҳсоли мошинаҳо ва локомотивҳо, орд ва маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ, молия ва бонкдорӣ, телекоммуникатсия, суғуртакунӣ ва тиҷорат, инчунин намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ тавассути маҷозию ғайримаҷозӣ иштирок намуданд.
Дар доираи Форум аз ҷониби КВД “Тоҷинвест” имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, ба иштирокчиён маводҳои имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.
Қайд карда шуд, ки дар солҳои охир тавсеаи робитаҳои тиҷоратии ду халқи бародар ба назар мерасад, ки бешубҳа заминаи иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар, тақвияти ҳамкориҳо дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ ва як қатор чорабиниҳои муҳиме, ки дар ин муддат баргузор шуданд, аз ҷумла намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон маҳсуб меёбанд. Ин чорабиниҳо заминаи мусоидро барои муколамаи созанда ва барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони ду кишвари ҳамсоя фароҳам оварданд.
Ҳамчунин, дар анҷоми Форуми мазкур бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ байни КВД “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶС “Ширкати давлатии KAZAKH INVEST”-и Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ гардиданд.
Аз натиҷаи вохӯриҳо баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст.
Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва ба имзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.