Санаи 3 ноябри соли 2021 дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмиллалии Олмон (GIZ) Маркази омӯзиши соҳибкорон-ро дар назди корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” ташкил намуд.

Дар маросими кушодавшавии “Маркази омӯзиши соҳибкорон” муовинони раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори минтақавии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмиллалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум- Олтхоф, Президенти  Донишкадаи байналмиллалии идоракунии Киев хонум - Ирина Тихомирова  ва ноиби ӯ Виноградов Алексей иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромад аз ҷониби муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармогузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Хуршед Мирзо Файзуллозода қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ин равандро яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф кардааст.

Дар ин робита маркази таъсисёфта минбаъд барои омода намудани кадрҳои соҳибтахассус дар самти мусоидат ба баланд бардоштани малакаи дониши соҳибкорон замина мегузорад.

Феълан, аз ҷониби масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати дарёфти коршиносони сатҳи байналмилалӣ дар ин самт ҳамкории дахлдор бо Донишкадаи байналмиллалии идоракунии Киев роҳандозӣ гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки Донишкадаи байналмиллалии идоракунии Киев яке аз бонуфузтарин донишкадаҳои минтақаи Аврупо ба ҳисоб меравад ва аввалин мактаби хусусии соҳибкорӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар раддабандии ҳамаи мактабҳои тиҷоратии пасошуравӣ ҷои аввалро ишғол менамояд.  Дар ҳамкори бо ин донишкада муттахассисон дар ин Марказ омӯзонида шуда, таҷрибаи хуби байналмиллалиро соҳиб мегарданд.

Ҳадафи аз таъсис додани Марказ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ҳамчун унсури ассосии ҷолибияти Тоҷикистон ҳамчун макони сармоягузорӣ мебошад.