28 майи соли 2024 (13:45-14:45) дар шаҳри Анкарадар бинои Иттиҳодияи палатаҳо ва биржаҳои Туркия(TOBB) дар ҳошияи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад.

Дар форуми мазкур иштироки намояндагони зиёда аз 200 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла саноати маъдан, фармасевтӣ, нассоҷӣ, бахши молияву бонкдорӣ, логистикӣ, кишоварзӣ, инчунин вазорату идораҳои ҷонибҳо дар назар аст.

Ҳамзамон дар доираи форум вохӯрии соҳибкорони ду кишвар дар сиғаи “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, дар рафти он санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.