Дар ҳошияи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ 28 май Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркия ва В2В вохӯриҳо бо иштироки беш аз 100 субъектони бахши хусусии ду кишвар доир гардид. Дар чорабинӣ ҳамзамон ҳамраисони комиссияи мазкур ширкат варзиданд.

Дар натиҷаи форуми мазкур ду санади ҳамкорӣ байни субъектони бахши хусусии ду ҷониб ба имзо расонида шуд.