Форуми Innotech Invest
- Просмотров: 3309
Санаи 16 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе форуми Тоҷикистону Корея таҳти унвони “Innotech Invest” баргузор хоҳад шуд.
Мақсад ва вазифаи Форуми мазкурро тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Кореяи Ҷанубӣ ташкил медиҳад, ки дар доираи стратегия ва ташаббусҳои - “Сиёсати нави Шимол” ва саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади чоруми Стратегияи миллиро ташкил медиҳад, ки дар асоси Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қабул карда шудааст.
Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 масъалаҳои мустаҳкам намудани ҳамкориҳо ва рушди устувор дар минтақа муайян гардидаанд.